Феврал 07, 2018 11:01 Asia/Dushanbe
  • Имкони таъвизи гувоҳиномаи ронандагии тоҷикон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз фароҳам шудани заминаи иваз кардани шаҳодатнома ё гувоҳиномаи ронандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.

Ба гузориши сайти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, он теъдод аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Русия ба унвони ронанда фаъолият мекунанд, метавонанд бо ироаи мадорики худ ва таъвизи гувоҳиномаи ронандагии миллии худ, бидуни мушкил ба шуғлашон идома диҳанд.

Вазорати умури дохилии Русия дар ҳоли омодасозии муқаррароти қонунӣ ва ҳуқуқӣ барои мамнуияти ронандагӣ бо гувоҳиномаи миллӣ барои атбои кишварҳои ғайриузви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз аввали моҳи июли соли 2018 аст, ки Тоҷикистон дар ин ниҳод узвият надорад.

Лағви эътибори гувоҳиномаи ронандагии атбои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон дар Русия аз тобистони соли 2017 боис шудааст, ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ба унвони ронандаи васоили нақлияи умумӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия фаъолият мекарданд, бо мушкили таъвизи гувоҳиномаи миллии худ ба гувоҳиномаи русӣ мувоҷеҳ шаванд.

Аммо ахиран Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълом кардааст, шаҳрвандони тоҷикистонӣ метавонанд бо пардохти маблағи 100 доллар ва ироаи мадорики шиносоии худ тайи ду ҳафта, гувоҳиномаи ҷадиди ронандагии голограмӣ бо эътибори байналмилалӣ дарёфт кунанд.

 Ин гувоҳиномаи ҷадиди ронандагӣ дар Русия ва 166 кишвари ҷаҳон дорои эътибор аст.