Феврал 08, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи муваққати амалиёти сохти театри миллии Тоҷикистон

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз таваққуфи муваққати амалиёти сохтусози театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ба иллати камбуди манобеи молӣ хабар дод.

Ба гузориши сайти “Авесто”, Шамсуддин Орумбекзода дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтааст, бар асоси тарҳи ироашуда, сохтмони театри миллии ҷадид дорои ҳафт табақа хоҳад буд, ки барои сохти ин бинои бузург дар ҳоли ҳозир бо камбуди манобеи молӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Ба гуфта вай, ба ҳамин хотир тасмим гирифта шуд то фароҳам шудани ин манобеъ кори сохтусози театр ба таври муваққат мутаваққиф шавад.

Мохти театри ҷадиди миллии Тоҷикистон дар соли 2015 оғоз шуд ва бояд дар соли ҷорӣ ба поён мерасид.

Акнун вазири фарҳанги Тоҷикистон муътақид аст, сохти ин бино дар солҳои 2019 то 2020 ба поён мерасад.

Дар ҳоле ки ширкатҳои муҷрии ин тарҳ аз пардохти молиёт муоф ҳастанд ва ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот низ бидуни дарёфти молиёт бар арзиши афзуда анҷом мешавад.

Дар сохтмони ҷадид сохти се салон барои тамошогарон, ҳар як бо зарфияти гунҷоиши ду ҳазору 500, як ҳазору 200 ва ҳазор нафар ва таъсисоти зербиноии мухталиф барномарезӣ шудааст.