Феврал 10, 2018 14:45 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Тоҷикистон: Хоҳони густариши равобити Душанбе-Теҳрон ҳастем

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар маросими гиромидошти сию нуҳумин солгарди инқилоби исломӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Тоҷикистон тарафдори густариши равобит бо Эрон дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Сироҷиддин Аслов бо табрики сию нуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ба давлат ва миллати Эрон гуфт: Мардуми ду кишвар, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ва низ дорои арзишҳо ва иштирокоти маънавӣ ва фарҳангӣ ҳастанд ва дар рушди тамаддуни башарӣ нақше мондагор доштаанд.

Вай изҳор дошт: Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дусту бародар ҳамеша талош кардааст, то дар симои Эрон ва дар ҳамаи заминаҳо шарики боэътимод ва дӯсти пойдорро пайдо кунад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард: Мо дар Тоҷикистон ҳамеша усули дӯстӣ, бародарӣ ва ҳусни эътимодро, ки реша дар тафаккур ва шеваи рӯзгори мардуми куҳанбунёди ду кишвар дорад гиромӣ медорем ва умедворем тарафҳо шоҳиди тавсеаи беш аз пеши муносибот дар ҳамаи заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии байни ду кишвар бошанд.

Аслов бо ишора ба ҷойгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон гуфт: Ҳануз дар заминаҳои мухталиф, зарфиятҳои истифоданашудаи зиёде вуҷуд дорад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи мақомоти баланпояи ду кишвар қарор гирад.

Вай баргузории дувоздаҳумин нишасти камиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар тирамоҳи соли гузашта дар Душанберо гоме муҳим хонд ва хостори шиддат ёфтани фаолиятҳои ин камиссия дар ҷиҳати густариши бештари равобит шуд.

Ин мақоми сиёсии Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханони худ баён кард: Мо аз ҳамкориҳои давлати Ҷумҳурии исломии  Эрон ҷиҳати баргузории барномаҳои гиромидошти ёду хотираи шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ ва илмии тоҷик ва бахусус Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров сипосгузорем.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба фароянди ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳоро таҳти таъсир қарор дода ва бисёре аз вижагиҳо ва суннатҳои миллиро аз байн мебарад, хостори ҳифз ва нигаҳдошти Наврӯз ба унвони падидаи бузурги башарӣ шуд.

Вай ибтикори раиси ҷумҳури Тоҷкистонро барои баргузории ҳамасолаи ҳамоиши байналмиллалии адибони соҳаи Наврӯз муҳим хонд ва гуфт: Ин иқдом ба тақвияти нақши шеър ва адабиёт дар мустаҳкам кардани дустӣ миёни мардумони минтақа ва сулҳу суботи байналмиллалӣ кумак хоҳад кард.

Аслов дар идома ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эронро дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ дар заминаҳои мухталиф ва бахусус амнияти минтақаӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷурмҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир таъсиргузор тавсиф кард.