Феврал 12, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Сафи тӯлонии гирифтани шиносномаи шаҳрвандии Русия дар Хуҷанд

Дар ин авохир теъдоди тоҷикистониёни довталаби дарёфти тобеияти Русия бо афзоиши чашмгире рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, акнун сафи тӯлонии шаҳрвандони тоҷикистонии довталаби дарёфти шиносномаи шаҳрвандии Русия на танҳо дар сафорати ин кишвар дар Душанбе, балки дар назди сохтмони консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд низ қобили мушоҳида мебошад.

Бар асоси ин гузориш, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба чунин натиҷа расидаанд, ки танҳо роҳи зиндагии орому матлуби онон дар қаламрави Русия касби мақоми тобеияти ин кишвар мебошад, ки наҷот аз боздошту таъқиби полиси рус ва муофият аз пардохти ҳазинаи ҳангуфти молии муҷаввизи моҳонаи кор дар Русияро муҷиб хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Владислав Маркевич, раиси дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон, наздик ба 17 ҳазор хонаводаи тоҷик дар соли 2017 барои муҳоҷират ва иқомати доим дар Русия дархост додаанд.

Дар соли 2017 аз ин теъдод ба як ҳазору 696 хонаводаи тоҷик барои рафтан ба Русия ва искони доим дар ин кишвар муҷаввиз дода шуд.

Аз сӯйи дигар, идораи муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия эълом кард, дар соли 2017 ба 29 ҳазору 909 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи тобеияти Русия эъто шудааст.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия мегӯянд, аз соли 2000-ум то ба ҳол беш аз 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо хонаводаҳои худ ба Русия муҳоҷират кардаву шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд.