Иддаои тозаи сиёсатмадори рус дар бораи равобити Чин ва Тоҷикистон
Вакили собиқи Думаи давлатӣ ва мудири Маркази таҳқиқоти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Русия муддаӣ шуд, Чин ба марҳилаи дувуми тавсеаталабиаш дар Осиёи Марказӣ расида ва “оҳиста - оҳиста” Тоҷикистонро фурӯ мебарад.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Семён Богдасаров, вакили собиқи Думаи давлатии Русия ва мудири Маркази таҳқиқоти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар як мусоҳиба бо радиои “Спутник” гуфт: “Чиниҳо қарзҳои ба истилоҳ ба якдигар вобаста медиҳанд, яъне мегӯянд: пул мехоҳед, бигиред вале ин ё он маъданатонро ба мо бидиҳед”.
Вай афзуд: “Ман вақте масъули департаменти Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон будам, дар солҳои 90 низ гуфта будам, ки беҳуда пулҳоятонро аз даст медиҳед, зеро чиниҳо дар ивази қарзҳояшон маъданҳои ғании тилло ва нуқраро мегиранд. Яъне онҳо оҳиста - оҳиста Тоҷикистонро фурӯ мебаранд”.
Ба гуфтаи Богдасаров, Чин давраи дувуми тавсеаталабии худро дар минтақа оғоз карда ва агар қаблан танҳо машғули тавсеаталабии иқтисодӣ буд, имрӯз вориди тавсеаталабии низомӣ шудааст.
Вай ҳамчунин муддаӣ шудааст, агар вазъияте пеш ояд, ки чиниҳо дар ивази манфиате Русияро раҳо кунанд, ҳатман ин корро бо як иштиёқи на камтар аз амрикоиҳо анҷом хоҳанд дод.
Чин дар солҳои ахир ба сармоягузори асосии ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст, ба тавре, ки аз 2.9 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон тақрибан ҳудуди якуним миллиард доллар вомҳои Чин аст.
Бархе коршиносон дар бораи саҳми бузурги Чин дар таркиби вомҳои хориҷии Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, аммо давлати Тоҷикистон ин мавзуъро нигаронкунанда намедонад.
Чанде пеш яке аз намояндагони парлумони Қирғизистон гуфта буд, дар матни созишномаҳои қарзии Чин банди махсусе ҳаст, ки кишварҳо бояд дар ивази ин қарзҳо аз як бахши истиқлоли худ гузашта, аз ҷумла ҳаққи даъво бо Чинро дар додгоҳҳои байналмилалӣ аз даст медиҳанд.
Бар асоси гузориши сомонаи “Ахбор”, то кунун матни ҳеҷ созишномаи қарзии Чин бо Тоҷикистон дар ҷое нашр нашудааст.