Чин дар ироаи кумакҳои ҳадафманд ба Тоҷикистон аввал шуд
(last modified Sat, 24 Feb 2018 10:49:53 GMT )
Феврал 24, 2018 15:49 Asia/Dushanbe
  • Чин дар ироаи кумакҳои ҳадафманд ба Тоҷикистон аввал шуд

Беш аз як севум аз кумакҳои дарёфтии Тоҷикистон дар соли гузаштаи мелодӣ аз сӯйи Чин сурат гирифтааст.

Ба гузориши сайти “Авесто”, Тоҷикистон дар соли гузаштаи мелодӣ аз 58 кишвари мухталиф ба мизони 73.6 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт кардааст.

Ҳаҷми кумакҳои  дарёфтии Тоҷикистон беш аз 24.3 тон ва шомили орд, равғани гиёҳӣ, маҳсулоти доруӣ ва ...будааст.

Бештарин кумак ба Тоҷикистон тайи ин муддат аз сӯйи Чин бо 32.2 дарсад, Русия 18.6 дарсад, Сербистон 11.7 дарсад ва Ҳинд 6.9 дарсад сурат гирифтааст.

Чин ҳамчунин аз лиҳози сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар рутбаи нахуст қарор гирифта ва қарзҳои Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз як миллиарду 200 миллион доллар мебошад.

Тоҷикистон ба хотири доро будани манобеъи мухталиф ба вижа манобеъи обӣ мавриди таваҷҷуҳи бархе кишварҳо аз ҷумла Чин қарор гирифтааст.