Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми иқдом барои амалиёти террористӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30511-Боздошти_шаҳрванди_Тоҷикистон_ба_иттиҳоми_иқдом_барои_амалиёти_террористӣ_дар_Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Калинин дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 26, 2018 21:46 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми иқдом барои амалиёти террористӣ дар Русия

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Калинин дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуд.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Созмони амнияти федералии Русия (ФСБ), Аминҷон Хоҷаевро 22 феврал ба иттиҳоми барномарезӣ барои амалиёти террористӣ дар Санкт-Петербург дастгир карда буд, эълом кард, ин гумонбар то 21 апрел дар боздошт хоҳад монд.

Додгоҳи ноҳияи Калинин, Аминҷон Хоҷаев, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асоси моддаи 205.3 Қонуни ҷиноии Русия (тамрин барои анҷоми фаъолияти террористӣ) муттаҳам шудааст,барои ду моҳ, то 21 апрели соли 2018 боздошт кардааст.

Пеш аз ин низ эълом шуда буд, ки нерӯҳои амниятии Русия(ФСБ) дар шаҳри Петербург 22 феврал як муҳоҷир аз Осиёи Марказиро ба иттиҳоми омодасозии ҳамлаҳои теруристӣ дар созаҳои таробарӣ ва маконҳои умумӣ дастгир кардаанд.