Шаҳрванди Афғонистон, муттаҳами муомилаи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон
Март 02, 2018 21:44 Asia/Dushanbe
Як шаҳрванди Афғонистон муттаҳам ба муомилаи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон шуд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз аз боздошти ин муттаҳами 52-сола, ки дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон муваққатан иқомат дошт, хабар дод. Бар асоси ин гузориш, мақомоти пулис дар бозрасӣ аз маҳалли зиндагии ин шаҳрванди хориҷӣ 223 қитъаи санги гаронбаҳо кашфу забт карданд. Вазни сангҳо 177, 73 килограмм ва арзиши онҳо беш аз 44 ҳазор сомонӣ гузориш шудааст.
Гуфта мешавад, муттаҳам ин сангҳои гаронбаҳоро дар шаҳри Хоруғ аз ду шаҳрванди 44 ва 51-солаи сокини ноҳияи Ишкошим харидорӣ кардааст.
Сангҳои гаронбаҳо аз ҷумлаи сармояҳои миллии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.