Март 03, 2018 12:24 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Тоҷикистон ва Чин барои сохти корхонаи алюминиюм

Сухангӯи ширкати алюминиюми Тоҷикистон эълом кард, музокироти мақомоти ин кишвар ва Чин барои сохти корхонаи алюминиюми ҷадид вориди марҳалаи ниҳоӣ шудааст.

Ба гузориши сайти “СА – Нюз”, Игор Саттторов гуфтааст, бо ҳадафи сохти корхонаи ҷадиди алюминиюм дар Тоҷикистон, корхонаи қаблӣ ба муддати ду сол фаъолияти худро қатъ хоҳад кард.

Вай ибрози умедворӣ кардааст, ширкати чинии “Yunnan” дар соли ҷорӣ сохти корхонаи алюминиюми ҷадидеро бо зарфияти тавлиди 503 ҳазор тон маҳсулот дар сол оғоз хоҳад кард.

Игор Сатторов муҳлати сохти корхонаи ҷадиди алюминиюмро як солу ҳашт моҳ эълом кард, ки заминаи иштиғоли ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард.

Танҳо корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, ки дар даврони Шӯравӣ бо зарфияти тавлиди солона 500 ҳазор тон маҳсулот сохта шуд ва беш аз 20 ҳазор коргар дар он машғул буданд, тайи ҳафт соли ахир ба далоили мухталиф ҳамасола тавлиди алюминиюмро коҳиш додааст.

Коршиносон муътақиданд, садамаи ворида бар асари қатъи се соатаи барқ дар ин корхона, дар октябри соли 2016 боиси аз кор афтодани кӯраҳои обкунандаи маводи хом шуд, ки ҷуз тахриб ва бозсозии комили ин таҷҳизот, роҳи дигаре барои эҳёи он вуҷуд надорад.

Тавофуқ дар мавриди сохти корхонаи ҷадиди алюминиюм ба ҷойи корхонаи қаблӣ дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар авохири августи соли 2017 ҳосил шуд.