Март 06, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
  • Нақшофаринии Навоӣ ва Ҷомӣ дар беҳбуди равобити Узбакистон ва Тоҷикистон

Дар арафаи сафари президенти Узбакистон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр дод, то боғи “50-солагии ҷавонон” дар кӯчаи Беҳзоди Душанбе ба номи Алишер Навоӣ гузошта шуда, дар ин боғ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Узбакистон пайкараҳои Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоиро бисозанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии президент, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрдори Душанбе амр додааст, ки ҷиҳати ба боғи Низомиддин Алишер Навоӣ иваз намудани номи боғи “50-солагии ҷавонон”, воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

Дар ин амрнома, ки рӯзи 5 март имзо шудааст, ҳамчунин тақозо мешавад, то дар боғи ба номи Алишер Навоӣ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбакистон гузошта шавад.” Ба раиси шаҳри Душанбе амр шудааст, ки барои сохтани лоиҳаҳои муҷассамаҳои ин ду мутафаккир озмун эълон кунад.

Тасмими ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ба номи Алишер Навоӣ гузоштани номи як боғ дар пойтахти Тоҷикистон ва гузоштани пайкараҳои Навоиву Ҷомӣ дар ин боғ дар остонаи нахустин сафари давлатии раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон эълон шуд.

Мирзиёев рӯзҳои 9-10 март аз Тоҷикистон боздид мекунад.