Март 07, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон, омили коҳиши нархи орд дар Тоҷикистон

Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон раванди ру ба коҳишеро тай мекунад.

Ба гузориши сомонаи Ависто, нархи орди воридотӣ аз кишвари Қазоқистон дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудудан 10 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Акнун як кисаи орди тавлиди Қазоқистон дар бозорҳои Тоҷикистон ба маблағи 165 сомонӣ баробар бо  7/18 доллар арза мешавад.

Ин дарҳолест, ки дар моҳи январ ҳамин мизони орд ба маблағи 175 сомонӣ фурухта мешуд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон омилҳои аслии коҳиши нархи орд дар бозорҳои ин кишварро афзоиши ҳаҷми воридоти мизони таарафаҳои роҳи оҳани Ӯзбакистон унвон кардааст.

Дар пайи беҳбуди муносиботи Ӯзбакистон ва Тоҷикистон кишвари ҳамсоя бахши тахрибшудаи роҳи оҳан бо Тоҷикистонро бозсозӣ кард ва мавриди баҳраварии дубора қарор дод.