Размоиши низомии муштараки Тоҷикистон ва Русия
Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон имрӯз дар суҳбат бо хабаргузории «Азия-плюс» аз баргузории размоиши низомии муштараки неруҳои низомии тоҷик ва рус дар баъзе аз майдонҳои низомии ин кишвар хабар додааст.
Полковник Фаридун Муҳаммадалиев гуфтааст, дар ин размоиш, ки аз 6 март оғоз гардида то 14 март идома меёбад, намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии кишвар, сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия ширкат доранд.
Ӯ афзуд, ин размоиш бо мушорикати ҳудуди 40 ҳазор нафар дар майдонҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» баргузор мешаванд.
Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон идома дод, ҳудуди 1 ҳазор мошинҳои зиреҳӣ, тӯпхона ва 40 ҳавопаймо дар ин размоиши низомӣ ширкат доранд.
Ба гуфтаи вай, марҳалаи ниҳоии ин размоиши низомӣ, таҳти назорати фармондеҳи вазорати дифои Тоҷикистон ва Ситоди марказии ниҳоди дифоии Русия, сурат мегирад.
Дар ин размоиш сарбозон ва афсарони тоҷик ва рус, масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ дар сурати таҳдидот дар марзҳои ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ)-ро таҷриба мекунанд.
Ин размоиш бо ибтикори Ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар таърихи шашуми марти соли ҷорӣ шуруъ ва то 14 ҳамин моҳ идома хоҳад ёфт.