Русия Тоҷикистонро ба таваққуфи парвозҳо таҳдид кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31327-Русия_Тоҷикистонро_ба_таваққуфи_парвозҳо_таҳдид_кард
Вазорати нақлиёти Русия бо ибрози нигаронӣ аз тайид нашудани парвози яке аз ширкатҳои ҳавоии Русия ба самти Тоҷикистон мақомоти тоҷикро ба муқобила ба мисл таҳдид кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 14, 2018 20:17 Asia/Dushanbe
  • Русия Тоҷикистонро ба таваққуфи парвозҳо таҳдид кард

Вазорати нақлиёти Русия бо ибрози нигаронӣ аз тайид нашудани парвози яке аз ширкатҳои ҳавоии Русия ба самти Тоҷикистон мақомоти тоҷикро ба муқобила ба мисл таҳдид кард.

Ба нақл аз Форс, Вазорати нақлиёти Русия дар номае навиштааст: Тарафи тоҷик бо нақзи тавофуқномаҳои байналмилалӣ ва бидуни иттилоъ додани қаблӣ ба ширкати ҳавоии Урали Русия иҷозаи парвоз дар масири Перм-Душанберо надод, ки дар натиҷа тамоми парвозҳои ин ширкат мутаваққиф ва ҳуқуқи мусофирон поймол шуд.  

Вазорати нақлиёти Русия аз ҳамтоёни тоҷики худ хоста ба тааҳҳудоте, ки дар чорчуби тавофуқоти мавҷуди байналмилалӣ пазируфтаанд, пойбанд бошанд.

Мақомоти русӣ ҳамчунин бо ибрози омодагӣ барои оғози раванди музокирот дар 22 ё 23 март дар шаҳри Маскав ва судури иҷозатномаҳои лозимро барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии Урал ба Тоҷикистон хостор шуданд.

Дар поёни нома омодааст, ки дар сурати тайид нашудани барномаи парвозҳои ин ширкат ба мақсади Тоҷикистон, Русия иқдомоти мушобеҳеро алайҳи ширкатҳои ҳавоии тоҷик рӯи даст хоҳад гирифт.