Март 20, 2018 17:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳам визаро бо Ӯзбакистон аз миён бардошт

Рӯзи душанбе, 19 –уми март дар ҷаласаи Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар робита бо сафарҳои дуҷониба бидуни виза (раводид) тасвиб шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни муаррифии ин созишнома дар парлумон гуфт, пас аз гирифтани охирин иттилооти хаттӣ дар бораи иҷрои расмиёти дохилии давлатии ҳар ду ҷониб, созишнома эътибори қонунӣ пайдо мекунад. 

Зоҳидӣ гуфт, санади мазкур дар Ӯзбакистон тамоми мароҳили даруни давлатиро тай кардааст.

Пештар гузориш шуда буд, Тошканд мароҳили марбут ба тасдиқ ё тасвиби созишномаи сафарҳои бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро анҷом дода ва дар ин бора Вазорати умури хориҷаи ин кишвар изҳороти расмӣ низ пахш карда буд.

Бо тасвиби ин созишнома дар парлумонҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, созишномаи қаблӣ, ки аз шонздаҳуми майи соли 2000-ум рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду кишварро танҳо тариқи раводид дар назар мегирифт, бекор карда шуд.

Созишномаи ҷадид аз 17 банд иборат аст ва тартиби рафтуомади шаҳрвандони ду кишварро ба қаламрави якдигар танзим мекунад.

Мақомоти ҳар ду кишвар боздиди Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистонро аз Тоҷикистон ва имзои 27 санади ҳамкорӣ, ки равобити ду кишварро ба гуфтаи Мирзиёев “аз сафҳаи тоза шуруъ мекунад”, таърихӣ ва бесобиқа донистаанд.