Ихтилофи парвози Русия ва Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ надорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31728-Ихтилофи_парвози_Русия_ва_Тоҷикистон_ангезаи_сиёсӣ_надорад
Сухангуи Вазорати нақлиёти Русия таъкид кард, ихтилофи парвози ахир миёни Маскав ва Душанбе ангезаи сиёсӣ надорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 25, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи парвози Русия ва Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ надорад

Сухангуи Вазорати нақлиёти Русия таъкид кард, ихтилофи парвози ахир миёни Маскав ва Душанбе ангезаи сиёсӣ надорад.

Ба нақл аз Спутник, Темур Ҳикматов бо ишора ба тасмими Русия ва Тоҷикистон барои тӯлонӣ кардани масири парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миён ин ду кишвар гуфтааст, ки ҳануз ҳам роҳи музокира барои поён додан ба ин мушкил боз аст.  

Вай муътақид аст, мақомоти Русия ба далели ҳаҷми болои парвозҳо тасмим ба тағйири масирҳои вуруди ҳавопаймоҳо гирифтаанд, ки на танҳо Тоҷикистон балки дигар кишварҳоро низ шомил мешавад ва дар ин мавзуъ ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад.

Бо вуҷуди интишори хабари омодагии ҳайъати Вазорати нақлиёти барои сафар ба Маскав ва ширкат дар музокироти дуҷониба барои поён додан ба ихтилофоти ахир, тарафи Тоҷикистони ҳозир ба ин гуфтугӯ нашуд.

Ихтилофоти тоза бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз замоне оғоз шуд, ки Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури иҷозатнома барои парвозҳои ширкати хутути ҳавоии  “Урал” ба Душанбе ва Хуҷанд аз ҳафтуми марти соли ҷорӣ, Тоҷикистонро ба таҳрим таҳдид кард ва масири парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати “Тоҷикэйр” ва “Сомонэир” низ тӯлонӣ шуд.

Ба гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии Тоҷикистон, 63 дарсади парвозҳои Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст.