Март 27, 2018 10:51 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз бадтар шудани вазъ дар Афғонистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабрнигори телевизиюни Созмони милали муттаҳид (СММ) аз бадтар шудани авзоъи низомӣ-сиёсии Афғонистон нигаронӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии президент, Раҳмон дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки барои таъмини амният ва субот, аз ҷумла, барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, кишварҳои минтақа бояд иқдомоти муштарак анҷом диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тағйири вазъ дар Афғонистон дар даҳсолаи ахир гуфта, ки танҳо бо равишҳои низомӣ наметавон теруризму ифротгароиро решакан кард. Имрӯз бояд омилҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар мубориза бо ин падидаҳо ба кор гирифта шаванд.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон аз кӯшишҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкили ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба Афғонистон нерӯи барқ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи хӯрокӣ ва нуриҳои маъданӣ содир мекунад.

Раисҷумҳур афзуд, “Мо пешниҳод мекунем, ки ба масоъили таҳсилот ва омодасозии кадрҳои миллӣ таваҷҷӯҳи вижа дода шавад, чун, ин ъомили муҳимми таъмини сулҳ, субот ва рушди иқтисодии Афғонистон аст. Ташдиди баъдии низоҳо дар Афғонистон барои ин кишвар ва кулли минтақа пайомадҳои хеле бад хоҳанд овард. Ба ин далел барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Афғонисто бояд барномаи роҳбурдии ҳамаҷониба асосдоштае таҳия гардад”.