Март 29, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз Узбакистон барои ҳазфи андози зистмуҳитӣ

Мақомоти Тоҷикистон, музокироти худ бо намояндагони давлати Узбакистонро барои ҳазфи андози зистмуҳитӣ аз мошинҳои кишвар, ки ворид қаламрави Узбакистон мешаванд, оғоз кардаанд.

Ба нақл аз Toptj, дар ҳоли ҳозир он теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мошини шахсӣ вориди Узбакистон мешаванд, бояд аз 46 то 54 доллар андози зистмуҳитӣ ба хотири олуда кардани ҳаво пардохт кунанд. Аммо Тоҷикистон аз мошинҳои шахсии шаҳрвандони Узбакистон, ки вориди кишвар мешаванд, ин андозро дарёфт намекунад. Аз ин рӯ, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз давлат дархост кардаанд, ки дар музокира бо мақомоти Узбакистон барои лағви андози зистмуҳитӣ иқдом кунанд.  

Муқаррароти дарёфти андози зистмуҳитӣ аз мошинҳои Тоҷикистони дар даврони Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон эъмол шуда буд.

Ҳамчунин масъулони ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки андози зистмуҳитӣ аз мошинҳои ин кишвар ҳангоми вуруд ба Узбакистон ҳазф шавад.