Апрел 03, 2018 10:30 Asia/Dushanbe
  • Бардошти рӯзноманигори узбакистонӣ аз сафар ба Тоҷикистон

Як рӯзноманигори узбакистонӣ, ки барои сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст, хотироти худро аз дидор аз кишвари ҳамсоя мунташир карда, ки дорои нукоти ҷолиб аст.

Ба нақл аз Спутник, Шуҳрат Шокирҷонов, ки бо мошини шахсӣ ва бо убур аз гузаргоҳи марзии Самарқанд ба Панҷакент ду рӯзро дар Тоҷикистон ба сар бурдааст, мегӯяд, ки кулли ҳазинаи ин сафар 100 сомонӣ (муодили 12) доллар шудааст.  

Вай таъкид мекунад, ки марзи муштарак Узбакистону Тоҷикистонро таи муддати 5 дақиқа убур кардааст ва кормандони гумруки шаҳри Панҷакент аз ӯ ҳаққи аворизи ҳаракат бо мошини шахсӣ дарёфт накардаанд.  

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Узбакистон бо мошини шахсӣ муваззаф ба пардохти 50 доллар ба унвони андози зист муҳитӣ ҳастанд.  

Шуҳрат Шокирҷонов дар сафари Тоҷикистон ду нуктаи муҳими дигарро низ мушоҳида кардааст, ки ба унвони пешниҳод ба мақомоти ин кишвар матраҳ мекунад: Нахуст ин, ки дар роҳҳои Тоҷикистон паёмҳои таблиғотӣ, ки дар Узбакистон ҳар сари қадам мушоҳида мешавад, ба чашм намехурд. Дувум ин, ки фурӯши симкартаҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон барои хориҷиҳо маҳдудият дорад, ки дар Узбакистон баръакс озод мебошад.