Апрел 03, 2018 12:02 Asia/Dushanbe
  • Русия дар остонаи қатъи тамоми парвозҳои Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки аз 5 апрел бар иловаи таҳримоти қаблӣ, 5 парвози ширкати "Тоҷик Эйр” ва 4 парвози ширкати "Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе- Маскав, ҳамчунин парвози ин ду ширкати тоҷикӣ дар хатсайрҳои Новосибирск – Хуҷанд ва Новосибирск – Душанберо қатъ мекунад.

Ба иттилои РИА Новости, Русия талаб дорад, ки Тоҷикистон парвозҳои ширкати русии "Уралские авиалинии”-ро пурра барқарор кунад.

Вазорати нақлиёти Русия гуфт, сабаби ин чора ин аст, ки "Тоҷикистон нафақат дархости парвозҳои ширкати русии "Уралские авиалинии”-ро тасдиқ накард ва ба пешниҳоди баргузории музокирот дар шаҳри Маскав низ посух надод, балки ҳамчунин иҷозатномаҳои қаблан додааш ба ширкатҳои русӣ барои анҷоми парвозҳо дар як қатор хатсайрҳоро боз хонд.”

Ба далели қатъи ин парвозҳо, намояндагии ду ширкати ёдшудаи Тоҷикистон аз мусофирон хостаанд, ки аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба Русия сафар кунанд.

Маскав бо даъвати дигарбораи мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба музокирот изҳори умед кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои русиро пурра барқарор мекунад ва "ин имкон медиҳад, то аз қабул кардаин кадом чораи ҷавобӣ нисбат ба ҷониби Тоҷикистон худдорӣ карда шавад.”

Рӯзи 2 апрел мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки як ҳайъати ин кишвар рӯзи 3 апрел барои ҳаллли "ҷанги ҳавоӣ”-и байни Русияву Тоҷикистон ба шаҳри Маскав меравад. Аммо мақомоти Русия гуфтанд, аз сафари ҳайъати Тоҷикистон хабар надоранд, чунки то ҳол ба пешниҳоди худ дар бораи музокирот аз ҷониби Тоҷикистон посухи расмӣ нагирифтаанд.