Апрел 03, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон содироти барқро ба Узбакистон аз сар гирифт

Тоҷикистон содироти барқ аз тариқи истгоҳи «Регар» ба истгоҳи «Гулча»-и Узбакистонро баъд аз 9 соли таваққуф аз сар гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Тоҷикистон содироти барқ аз тариқи истгоҳи «Регар» ба истгоҳи «Гулча»-и Узбакистонро баъд аз нуҳ соли таваққуф аз сар гирифт. Ҳаҷми куллии содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя камтар аз 1.5 миллиард киловатт/соат дар сол хоҳад буд. Қаблан Душанбе ва Тошканд дар заминаи қимати барқи Тоҷикистон ба Узбакистон тавофуқ карда буданд.

Дар фасли тобистон Узбакистон барқи Тоҷикистонро бо қимати ду сент барои як киловатт/соат ва дар фасли замистон бо қимат 2.5 сент барои як киловатт харидорӣ хоҳад кард. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон дар декабри соли гузашта дар парлумони ин кишвар аз эҳтимоли содироти барқи ин кишвар дар тобистони соли оянда ба Узбакистон хабар дода буд. Ӯ бо ишора ба хурӯҷи Душанбе аз шабакаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ дар ноябри соли 2009 гуфт, системаҳои энержии Тоҷикистон ва Узбакистон тайи ин муддат бо тағйироти қобили таваҷҷуҳе рӯ ба рӯ шуданд. Ин мақоми тоҷик дар идома афзуд, Тоҷикистону Узбакистон ба таври ҷиддӣ алоқаманд ба барқарории Шабакаи воҳиди энержӣ дар минтақа мебошанд. Ӯ гуфт, дар ин росто эҳдоси хутути 60-километрии интиқоли барқ аз сӯйи Узбакистон, ки ҷануби ин кишварро ба Тоҷикистон муттаасил мекунанд, зарурӣ аст.