Апрел 07, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  •  Бардошта шудани маҳдудиятҳои парвозӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

Сухангӯи Вазорати нақлиёти Русия аз бардошта шудани тамоми маҳдудиятҳои парвозӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар музокироти ахири ҳайатҳои ду тараф дар Маскав хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Темур Ҳикматов бо ишора ба ин музокирот гуфтааст, акнун тамоми парвозҳо бар асоси ҷадвали таъйидшуда дар соли 2018 анҷом мешавад.

Вай таъкид кардааст, Тоҷикистон мувофиқати худро бо азсаргирии парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Русия эълом кард ва Маскав маҳдудияти ҷоришуда дар заминаи парвозҳои ду ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”-ро ба шаҳрҳои Русия бекор кард.

Ба гуфтаи Ҳикматов, дар соли 2017 интиқоли мусофир миёни Русия ва Тоҷикистон 14 дарсад рушд карда ва имсол низ талош хоҳад шуд то ин шохис афзоиши бештаре ёбад.

Ба ин манзур ожонси ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон бо роҳандозии чаҳор парвози ҷадиди ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ дар масирҳои Перм- Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар– Хуҷанд мувофиқат кардааст.

Музокироти ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Русия ва Тоҷикистон дар Маскав, ба беш аз як моҳ ихтилофи парвозӣ ва таҳрим ва маҳдуд кардани парвозҳои ду кишвар, поён дод.