Апрел 08, 2018 11:04 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳо бар сари роҳи вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия

Устоди улуми иқтисод дар Донишгоҳи байналмилалии дӯстии халқҳои Русия мӯътақид аст, ки яке аз монеаҳои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия, сармоягузории молии кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс дар иқтисоди ин ҷумҳурӣ мебошад.

Ба гузориши “Спутник”, хонум Инна Андронова гуфтааст, ки кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз ҷумла Кувейт ва Арабистон ба думболи пайдо кардани шариконе мебошанд, ки аз мавозеи онон дар ҷомеаҳои байналмилалӣ ҳимоят кунад ва яке аз роҳҳои ин ҳамкорӣ сармоягузории молӣ дар иқтисоди кишвар ҳмсубо сиёсатҳои хеш аст.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон аз нигоҳи мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва аҳамияти роҳбурдии хеш дар Осиёи Марказӣ барои кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс ҷаззобият дорад, то битавонанд Душанберо дар меҳвари сиёсатҳои минтақаии хеш қарор диҳанд. Албатта сармоягузории кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс бештар дар қолаби тарҳҳои кӯчак, аз ҷумла сохт ва бозсозии марокизи дармонӣ, беҳдоштӣ ва роҳҳои иртиботӣ хоҳад буд. Зеро ин кишварҳо омодаи сармоягузорӣ дар тарҳҳои сохти неругоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон нестанд.

Вай бо ишора ба суханони Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар сафар ба Арабистон ва Кувейт ва таъсиси сандуқҳои сармоягузории муштарак бо ин кишвар гуфтааст, ки аҳдофи ниҳоӣ аз ин барномаҳо, хориҷ кардани Тоҷикистон аз тарҳҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд мебошад. Ба ин далел тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс монеи ҷиддӣ дар роҳи вуруди ин ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия хоҳад шуд.