Боздошти раиси шуъбаи амнияти ноҳияи Ашти Тоҷикистон
Парвин Комилов, раиси бахши амнияти ноҳияи Ашт боздошт шуд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин иқдом дар идомаи боздошти афсарони полис ва амнияти вилояти Суғд, ба иттиҳоми шиканҷаи як узви собиқи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки боиси худкушии вай шуд, сурат гирифтааст.
Комил Хоҷаназаров, узви собиқи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз шиканҷа шудан дар боздоштгоҳи шӯъбаи амнияти ноҳияи Ашт даст ба худкушӣ зада буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар иртибот бо ин моҷаро шаш афсари полис ва амнияти вилояти Суғд боздошт ва барои онҳо парвандаи қазоӣ ташкил шуда буд.
Гуфта мешавад, илова бар иттиҳоми шиканҷа, ки боиси худкушии ин узви собиқи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон шудааст, ба ин афрод иттиҳоми фаро рафтан аз чорчӯби масъулият ва дарёфти ришва низ ворид аст.
Комил Хоҷаназаров қабл аз худкушӣ дар моҳи августи соли 2017 навори савтӣ таҳия ва дар паёме ба модараш далели ин иқдомро шиканҷа ва озору азияти кормандони полиси вилояти Суғд эълом карда буд, ки баъдан ин навор дар интернет мунташир шуд.
Дар сурати исботи ин иттиҳомот, додгоҳ метавонад ҳар як аз ин афроди гумонбарро ба 12 сол зиндон маҳкум кунад.
Ба гуфтаи коршиносон, боздошти шаш афсари полис ва амнияти вилояти Суғд ва боздошти раиси шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт ба дастури додситонии кулли ин кишвар барои иттиҳоми ёдшуда, аз нодиртарин маворид ба ҳисоб меояд.