Апрел 11, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Кӯтоҳ шудани замони парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия

Мақомоти созмони ҳавопаймоии кишвари Русия эълом карданд, тасмими қаблии худ барои тӯлонӣ шудани масири парвозҳои ду ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” –и Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русияро бекор кардаанд.

Ба гузориши “Спутник”, ин тасмим дар пайи ҳалли ихтилофи парвозии беш аз якмоҳа миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи таҳияи нақшаи парвоз ва афзоиши парвозҳои ширкатҳои русӣ, миёни ин ду кишвар гирифта шудааст.

Тасмими созмони ҳавопаймоии Русия дар бораи тӯлонӣ кардани замони парвози ҳавопаймоҳои ин ду ширкати тоҷикистонӣ боис мешуд, ки мусофирон як соат дертар ба мақсад бирасанд ва масрафи сӯхт низ афзоиш ёбад.

Ин тасмим дар замони ташдиди танишҳо миёни вазоратҳои нақлиёти Русия ва Тоҷикистон гирифта шуд, ки навъе фишор ба Душанбе барои пазириши шартҳои Маскав буд.

Пас аз таъйини зарбулаҷал (таъйини фурсати маҳдуд) аз сӯйи Русия дар мавриди қатъи парвозҳо миёни ду кишвар, ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои музокира ба Маскав рафт ва дар рӯзи чаҳоруми апрели соли ҷорӣ ин ихтилоф бо пазириши шартҳои Маскав аз сӯйи Душанбе поён ёфт.

Бештари коршиносон муътақиданд, боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ тайи ду соли ахир, сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ маншаи ин мушкилот аст.