Апрел 11, 2018 13:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири хориҷаи Бангладеш ба Тоҷикистон; Имрӯз

Вазири умури хориҷаи Бангладеш имрӯз (чаҳоршанбе) ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, сафари расмии Муҳаммад Шаҳриёр Алам ба Тоҷикистон то рӯзи 14-уми апрел идома хоҳад дошт.

Гуфта мешавад, раиси дастгоҳи дипломатии Бангладеш аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ворид мешавад ва вайро дар ин сафар намояндагони бахши хусусии Бангладеш ҳамроҳӣ мекунанд.

Вазири умури хориҷаи Бангладеш дар сафар ба Ӯзбакистон аз шаҳрҳои таърихии Самарқанд ва Бухоро боздид кард.

Ҳадафи аслии сафари ҳайати баландпояи Бангладеш ба кишварҳои Осиёи Миёна сиёсӣ ва иқтисодӣ унвон шудааст.

Пеш аз ин ва дар соли 2015, Муҳаммад Шаҳриёр Алам дар дидор бо Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, хостори содироти пахтаи ин кишвар ба Бангладеш шуда буд.