Боздошти як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Русия
(last modified Fri, 13 Apr 2018 15:29:09 GMT )
Апрел 13, 2018 20:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Русия

Як фаъоли мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Русия, аз сӯи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт шудааст.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, фарди боздоштшуда Зулфиқор Холов узви гурӯҳи мавсум ба 24 аст.

Маҳали боздошти ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон рустои Коммунарка дар атрофи Маскав, пойтахти Русия зикр шудааст.

Гурӯҳи 24 аз ҷараёнҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти онро мамнуъ эълом кардааст.

Гурӯҳи 24 дар соли 2012 бо раҳбарии Умаралӣ Қувватов ибтидо дар Русия фаъолияти худро оғоз кард, аммо аъзои он ба думболи таъқиб ва саркӯб аз сӯи Русия ба Туркия ва кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд.

Умаралӣ Қувватов соли 2015 дар Туркия ба қатл расид.

Зулфқор Холов ҳам, ки ба Туркия рафта буд, сол 2015 дубора ба Русия бозгашт.

Номи ин узви Гурӯҳи 24 таҳти шумораи 1309 дар феҳристи сармоягузорони терроризм сабт шуда, ки аз сӯи Бонки милли Тоҷикистон мунташир шудааст.

Боздошти Зулфқор Холов дар Русия дар ҳоле рух додааст, ки 2 тан аз раҳбарони кунунии Гурӯҳи 24 бо номҳои Суҳроби Зафар ва Насим Шарифов ҳам бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Туркия дар боздошт ба сар мебаранд.