Коршиноси рус: Тоҷикистон бештар вобастаи Чин хоҳад шуд
Коршиноси масоили Чин ва устоди риштаи иқтисод дар Мактаби олии иқтисоди Русия мӯътақид аст, ки Тоҷикистон бо вогузории маъданҳои тиллои хеш ба Чин, ба Пекин вобастагии зиёде пайдо хоҳад кард.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Федор Долгачев бо ишора ба вогузории истихроҷи тилло аз маъдани Кумарғи боло дар ноҳияи Айнӣ, дар шимоли Тоҷикистон ба ширкати чинии ТВЕА, мегӯяд, Пекин барои бозпардохти ҳазинаи сохти Маркази гармоишии “Душанбе -2”, муҷаввизи фаъолият дар ин маъданро ба даст овардааст.
Ба гуфтаи Долгачев, ширкати ТВЕА то замони тасавия ҳисоб ва дарёфти талабҳои хеш аз маъдани Каумарғи боло, тилло истихроҷ мекунад ва дар поёни созишнома низ тарафҳо қарордоди ҷадиде имзо хоҳанд кард.
Чанд рӯз қабл идораи маъданшиносии Тоҷикистон мизони захоири тилло дар Кумарғи боло дар ноҳияи Айнии вилояти Суғдро, 30 тонн эълом карда буд.
Дар ҳоли ҳозир аксари маъданҳои тиллои Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ қарор гирифтаанд.
Федор Долгачев, коршиноси масоили чин ва устоди риштаи иқтисод дар Мактаби олии иқтисоди Русия, мегӯяд, вуруди сармояи Чин ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби вомҳо ва эътибороти молӣ, мӯҷиби мудохилаи фазояндаи Пекин дар иқтисоди ин ҷумҳуриҳо бо пазириши шартҳои он кишвар мешавад, ки дар баландмуддат метавонад паёмадҳои ғайриқобили пешбинӣ дошта бошад.