Апрел 17, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон

Соли 2017 дар муқоиса бо соли пеш аз он муҳоҷирони кории тоҷик 600 миллион доллар пули бештаре ба кишварашон ирсол кардаанд.

Ба нақл аз Форс, соли 2017 таи ин муддат беш аз 2.5 миллиард доллар аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил шуда, ки дар муқоиса бо соли 2016, 600 миллион доллар бештар аст.

Арзиши куллии пули ирсолшудаи муҳоҷирони кории Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз Русия ба кишварҳои худ дар соли гузашта 12 миллиарду 906 миллион доллар баровард шудааст.  

Узбакистон миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар рутбаи нахуст қарор гирифт ва маблағе, ки муҳоҷирони узбак соли 2017 фиристодаанд, се миллиарду 902 миллион доллар будааст.

Қирғизистон бо ду миллиарду 211 миллион доллар севум, Арманистон бо беш аз як миллиард доллар чаҳорум ва Туркманистон бо ду миллион доллар дар рутбаи охир қарор гирифтааст.