Иллати марги Абдурасул Назаров ба зуддӣ эълом мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32910-Иллати_марги_Абдурасул_Назаров_ба_зуддӣ_эълом_мешавад
Бо поён ёфтани таҳқиқ дар бораи марги Абдурасул Назаров, додситонии шаҳри Душанбе ба зуддӣ ахбори ҷузъиёт ва иллати марги вайро мунташир мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 19, 2018 11:50 Asia/Dushanbe
  • Иллати марги Абдурасул Назаров ба зуддӣ эълом мешавад

Бо поён ёфтани таҳқиқ дар бораи марги Абдурасул Назаров, додситонии шаҳри Душанбе ба зуддӣ ахбори ҷузъиёт ва иллати марги вайро мунташир мекунад.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, Абдусамад Назаров, бародари Абдурасул Назаров гуфта, додситонӣ ба вай эълом кардааст, осори шиканҷа ва лату куб бар рӯйи ҷасади бародараш мушоҳида шудааст.

Хуршед Сангов, муовини раиси Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ ҳам вуҷуди ҷароҳат ва доғҳои сиёҳ дар ҷасади Назаровро таъйид карда, аммо мушаххасан нагуфтааст, ба чӣ иллат ин ҷароҳатҳо дар ҷасад вуҷуд дорад.

Абдурасул Назаров зодаи шаҳри Кӯлоб сокини шаҳри Душанбе буд, ки дар як таъмиргоҳи худрав кор мекард.

Вай дар 28 апрели соли 2018 милодӣ ба иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир аз тарафи пулиси “Сино-2”-и шаҳри Душанбе боздошт шуд ва субҳи рӯзи баъд пизишкони бемористони “Қарияи боло” пайкари вайро ба наздиконаш таҳвил доданд.

Пизишкон ба наздикони Абдурасул Назаров гуфта буданд, мақомоти пулиси Сино-2 вайро дар ҳолати марги болинӣ ба бемористон таҳвил дода буданд.

Наздикони марҳум иддао мекунанд, Назаров бар асари шиканҷаи мақомоти пулис фавт карда, аммо мақомоти пулиси “Сино-2”-и шаҳри Душанбе бо радди ин иддао, иллати марги вайро масрафи беш аз ҳадди маводи мухаддир даргузашта эълом кардаанд.

Пайкари Абдурасул Назаров 29 марти соли 2018 милодӣ дар шаҳри Кӯлоб ба хок сипурда шуд ва аз вай ду кӯдак ба ҷой мондааст.