Русия ашёи бостонии Тоҷикистонро пас намедиҳад
(last modified 2018-04-21T05:03:05+00:00 )
Апрел 21, 2018 10:03 Asia/Dushanbe
  • Русия ашёи бостонии Тоҷикистонро пас намедиҳад

Мудирияти музаи Армитажи Санкт-Петербург эълом кард, ашёи бостонии кашфшуда дар қаламрави Тоҷикистонро ба ин кишвар пас нахоҳад дод.  

Ба нақл аз Toptj, мақомоти ин музаи Русия дар посух ба дархости Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтаанд, ҳеҷ мабнои ҳуқуқӣ барои бозгардондани ин осори арзишманди таърихӣ ба ин кишвар вуҷуд надорад.  

Мудирияти Музаи миллии Тоҷикистон муддаӣ аст, қаблан Русия баҳона меовард, ки дар Душанбе шароити ҳифзи ин ашё вуҷуд надорад. Аз ин рӯ давлати Тоҷикистон ба сохти музаи ҷадиде иқдом кард, ки дорои беҳтарин шароити ҳифзи ашёи таърихӣ ва бостонӣ аст.  

Акнун Русия мегӯяд, қаблан Тоҷикистон ин осорро довталабона ба музаи Армитажи Санкт-Петербург таҳвил додааст, ин дар ҳолест, ки дар шароити феълӣ ҳеҷ санади ҳуқуқӣ барои боз гардондани ин ашё миёни Маскав ва Душанбе имзо нашудааст.

Дар музаи Армитажи Санкт-Петербург беш аз100 намуна осори хатии ҳазору 300 солаи даврони Суғдиён, ашёи кашфшудаи ковишҳои бостоншиносон дар қалъаи Муғ, Панҷакенти қадим, Тахти Қубод, Тахти Сангин, деворнигораи Ҳулбук, Аҷинатеппа ва дигар амокини таърихии ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад, ки бояд Русия ба ин кишвар таҳвил диҳад.