Апрел 21, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти сафар бо мошинҳои шишасиёҳ аз Тоҷикистон ба Узбакистон

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, сафар намудан ба Узбакистон бо автомашинаҳои шишаҳояшон сиёҳро манъ кард.  

Ба иттилои сайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вазорат гуфтааст, сафар намудан ба Узбакистон бо автомашинаҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда қатъиян манъ аст.

Вазорат ҳамчунин аз ронандагон хост, дар Узбакистон қонуншиканӣ накунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи сафари расмии Шавкат Мирзиёев 9-10 март ба Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ дархост крада буд, ки масъалаи тамдиди муддати иқомати мувақатти шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни асноди иқомати муваққат дар Узбакистон аз се рӯз то як ҳафта тамдид кунанд.

Парлумони Тоҷикистон 19 марти соли 2018 Созишнома "Дар бораи рафту омади шаҳрвандон"-ро ба тасвиб расонд, ки дар рафти сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон имзо шуду мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳуқуқ доранд ба кишварҳои ҳамсоя бидуни раводид сафар карда, то 30 рӯз бимонанд, вале дар баробари ин агар сафари онҳо беш аз як шабонарӯз давом кунад, бояд асноди иқомати муваққатӣ гиранд.