Додхоҳии модари сарбози муттаҳам ба қатл аз Эмомалӣ Раҳмон
(last modified Tue, 24 Apr 2018 08:40:03 GMT )
Апрел 24, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Додхоҳии модари сарбози муттаҳам ба қатл аз Эмомалӣ Раҳмон

Модари сарбозе, ки ба ҷурми қатли ду моҳигир ба зиндони дарозмуддат маҳкум шудааст, хостори кумаки раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳалли парвандаи писараш шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, додгоҳи низомии Хуҷанд рӯзи 16-уми апрел сарбозони бахши низомии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хусрав Маликов ва Ҷонибек Ирсалиевро ба ҷурми қатли ду моҳигири сокини Исфара ба 21 ва 22 соли зиндон маҳкум кард.

Дар пайи ин ҳукм Тоҷинисо Қурбонова, модари Хусрав Маликов рӯзи 23-юми апрел дар як нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур навиштааст, ки писари ӯ ҳеҷ гуноҳе муртакиб нашудааст, балки фармондеҳи бахши низомии ӯ гуноҳи худро ба гардани вай андохтааст. Ба навиштаи хонум Қурбонова, фармондеҳ ба писараш гуфтааст, агар гуноҳи қатлро ба гардан бигирад, ӯро аз зиндон озод хоҳад кард ва бо ин ваъда ӯро фиреб додааст. Тоҷинисо Қурбонова дар номаи худ овардааст: «Писарам ба фармондеҳи худ бовар ва ба гуфтаи ӯ амал кард ва рӯзи тирандозӣ ҳатто як тир аз силоҳи ӯ холӣ нашудааст. Дар ҳоле ки ҷавони дигар ҳама гуноҳро ба гардан гирифта буд ва бо исрор мегуфт, ки Хусрав ҳудудан беш аз 30 метр аз маҳалли ҳодиса дур буда ва баъд аз шунадини садои тир худашро ба маҳалли воқеа расондааст». Модари Хусрав Маликов дар номаи худ ҳамчунин навиштааст, ки фармондеҳи писараш ӯро низ фиреб медод ва мегуфт, ки ба зудӣ писарашро озод мекунанд.