Апрел 25, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
  • Худдории Тоҷикистон аз дармони марзбонони захмии афғонистонӣ

Як мақоми неруи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, аз ин пас марзбонони захмии афғонистонӣ дар бемористонҳои манотиқи марзии муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, пазириш намешванд.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, ин масъул бидуни эъломи номи худ, гуфтааст, дар ин бемористонҳо танҳо ба занон барои таваллуд ва кӯдакони афғонистонӣ бо бемориҳои шадид хадамоти дармонӣ, ироа хоҳад шуд.

Ин масъул ёдовар шудааст, қаблан бо ангезаҳои башардӯстона дар бемористонҳои марзи муштараки ду кишвар, низомиёни маҷруҳи афғонистонӣ ва бавижа марзбонони захмӣ, пазириш ва дармон мешуданд; Вале акнун хадамоти пизишкӣ танҳо ба ғайринизомиёни афғон ироа хоҳад шуд.

Бар асоси созишномаи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, аз соли 2012 дар бемористонҳои вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон, низомиёни захмии афғонистонӣ мавриди пазириш ва дармон қарор мегирифтанд.

Албатта токунун дар ин маврид, мақомоти расмии ҳукумати Тоҷикистон ибрози назаре накардаанд.

Коршиносон иллати ин тасмими мақомоти Тоҷикистонро ба ҳодисаи кушта шудани генерал Хайриддин Адҳамов, фармондеҳи посгоҳи марзии Тоҷикистон дар даргирӣ бо қочоқчиёни маводи мухаддири афғонистонӣ дар декабри 2017 марбут медонанд.

Дар ин ҳодиса, дар наздикии посгоҳи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки чаҳор марзбони тоҷик низ захмӣ шуданд, мақомоти неруи марзбонии Тоҷикистон ҳамтоёни афғонистонии худро ба иртибот ва ҳамдастӣ бо ин қочоқчиён муттаҳам карданд.