Апрел 27, 2018 19:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои қотили шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳе дар Русия фарди муттаҳам ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Сайидшоҳ Исломовро ба муддати 14 сол маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳи шаҳри Иркутск дар шарқи Русия имрӯз дар сомонаи интернетии худ хабари маҳкумияти қотили ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки донишҷӯи Донишкадаи Вазорати кишвари Русия, дар минтақаи Сибири Шарқӣ буд, мунташир кард.

Додгоҳи шаҳри Иркутск аз қотил ба исми "Т" ёд кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамдасти қотил "С" ҳанӯз дастгир нашуда ва таҳти таъқиби полис қарор дорад.

Ҳодисаи қатли Сайидшоҳ Исломов дар рӯзи 12 июни сол 2016 дар шаҳри Иркутски Русия иттифоқ афтод.

Ҳамасола даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кори доимӣ ё фаслӣ ба Русия мераванд, бар асари ҳодисаҳо ва ё даргириҳо, ҷони худро аз даст медиҳанд.