Се сол зиндон ба иттиҳоми гароиш ба гурӯҳи мамнуъшудаи Салафия
Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини руси ноҳияи Ёвонро ба иттиҳоми гароиш ба гурӯҳи мамнуъшудаи Салафия ба се сол зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Сергей Милошовичи 32-сола ва падари панҷ фарзанд, ки дар сол 2007 ҳангоми ҳузур дар Русия бо ташвиқи дӯстони тоҷики худ ба дини Ислом гиравида буд, баъдан вориди гурӯҳи мамнуъаи Салафия мешавад.
Темур Бойзода муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон гуфтааст, Сергей Милошович пас аз бозгашт аз Русия таълимоти гурӯҳи салафияро аз фарде ба номи Нодирхон Самадов дар масҷиди марказии ноҳияи Ёвон фаро гирифтааст, ки ӯ низ акнун дар зиндон ба сар мебарад.
Коршиносон иллати гароиши бархе аз ҷавонон ба гурӯҳи Салафия дар Тоҷикистонро кумаки молии ин гурӯҳ медонанд, ки дар шароити фақр ва бекории ҷомеа, мубаллиғони он бо ин ҳарба насли ҷавонро фиреб ва теъдоди пайравони худро афзоиш медиҳанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро дар ин кишвар мамнуъ кард.
Пас аз афзоиши гузоришҳо дар мавриди ҳузури ҷангҷуёни тоҷик дар даргириҳои Сурия ва Ироқ ба далел ин, ки бештари онҳо пайравони Салафия буданд, дар 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро ифротӣ эълом ва фаъолияти он дар ин ҷумҳуриро дубора мамнуъ кард.