Май 08, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Гила аз Русия: Қаҳрамонии тоҷиконро чаро ёд намекунед?

Рӯзноманигори тоҷик ва мудири собиқи радиои Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи ғалаба аз бетаваҷҷуҳии русҳо ба ҷонфишонии тоҷикон дар ҷанги зидди Олмони нозӣ интиқод кардааст.

Абдулқодири Абдулқаҳҳор дар саҳифаи Фейсбуки худ матлаберо бо унвони “Гила аз Русия” мунташир кардааст, ки дар он омадааст: “Чаро тӯли 70 соли баъдиҷангӣ 1 тоҷикро дар филмҳояшон ба эҳтироми 300 000 нафар Тоҷики иштирокчии ҶБҶ натанҳо қаҳрамони якуму дуюм, балки дар эпизод ҷой намедиҳанд? Оё дар шабакаҳои федералияшон 1 филми ҳуҷҷатиеро аз корнамоии 54-57 қаҳрамони Тоҷик таҳия намудаанд? Ман украинию белорусу қазоқу грузину чукчаву узбеку молдавану лаҳистонию чеху ... дидаам, вале қаҳрамони тоҷикро ёд надорам”.

Вай навиштааст: “Аз каму беш 1 миллион аҳолии Тоҷикистон(соли 1940) тақрибан 300 ҳазор нафар дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм ё Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат варзидаву нисф зиёдашон аз майдонҳои ҳарб бар нагаштанд ва мо ҳаққи арҷ нагузоштан ба ин қаҳраморнонро надорем. Аз хусуси хидмату қурбониёни ақибгоҳ ҳоло ҳарфе намезанем”.

Ба навиштаи Абдулқодири Абдулқаҳҳор, чаро аз солномаву таърихномаҳои замониҷангияшон вожаи Тоҷик афтидааст? Чаро дар садҳо роману повесту қисаҳои дар мавзуи ҶБВ эҷоднамудаашон образи Тоҷик тақрибан дида намешавад?