Май 15, 2018 10:29 Asia/Dushanbe
  • Марзбонии Тоҷикистон иддаои Қирғизистонро рад кард

Раёсати нерӯи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар иддаои мақомоти Қирғизистон мабнӣ бар муқассир муаррифӣ кардани марзбонони тоҷик дар таниши ахир дар марзи муштараки ин ду кишварро беасос унвон кард.

Ба гузориши сойти “Топ ти ҷи”, Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон гуфт, иддаои Хадамоти марзбонии Қирғизистон мабнӣ бар вуруди 4 марзбони тоҷик ба 50-метрии қаламрави ин кишвар ва бозрасии мадорики шиносоии сокинони рустои қирғизнишин дар ноҳияи Лайлак беасос аст. Ӯ таъкид кардааст, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон талош кардаанд, ки бо таҳрики марзбонони тоҷик бо онон даргир шаванд, ки ин иқдом бидуни натиҷа буда ва авзоъ дар марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя ором ва таҳти назорат аст.

Қаблан Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе муддаӣ шуда буд, ки чаҳор марзбони тоҷикистонии мустақар дар постгоҳи “Сада” бо вуруди ғайриқонунӣ ба дохили қаламрави Қирғизистон дар ноҳияи Лайлак мадорики шиносоии сокинони рустои қирғизнишинро бозрасӣ карданд, ки ин амр ба мухолифати рустоиён ва бурузи таниш миёни тарафҳо анҷомид. Бар асоси ин гузориш, ба манзури поён додан ба ин таниш гурӯҳҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса рафта, аз вуқӯи даргирии эҳтимолӣ миёни тарафҳо пешгирӣ карданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон муддаӣ шуда буд, ки марзбонони тоҷик бидуни муҷаввиз ва худсарона ба масофаи 50 метр вориди қаламрави ин кишвар шуда ва тарафи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин иқдом кори чаҳор сарбози тозаворид буда, ки ба далели надонистани манотиқи марзӣ ба иштибоҳ вориди қаламрави кишвари ҳамсоя шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон дорои 720 километр марзи муштарак ҳастанд, ки дар пайи беш аз ду даҳаи музокироти тарафҳо барои аломатгузории марзҳои муштарак танҳо бар сари мушаххас кардани 570 километр тавофуқ ҳосил шудааст.