Тасвиби созишномаи дарёфти қарз аз Кувайт дар Маҷлиси Тоҷикистон
Май 17, 2018 10:38 Asia/Dushanbe
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи дарёфти қарзи 25 миллиону 500 ҳазор долларӣ аз Кувайтро барои такмили тарҳи бозсозии роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хум тасвиб кард.
Ба нақл аз Тоҷикта, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин созишнома ба Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки ин қарз барои такмили роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хум, ки вилояти Хатлонро ба вилояти Бадахшон муттасил мекунад, ҳазина хоҳад шуд.
Вай таъкид кардааст, ки муддати бозпардохти ин қарз 24 сол аст, ки дар чаҳор соли нахуст тахфиф эъто хоҳад шуд ва бақияи қарз бояд ҳар шаш моҳ як бор пардохт гардад.