Май 23, 2018 10:41 Asia/Dushanbe
  • Додани сабукӣ барои содироти мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон ба Русия

Бар асоси созишномаи дуҷониба миёни Русия ва Тоҷикистон, ду кишвар мутааҳҳид шудаанд бо муҷаввизи расмии идороти гумруки фурудгоҳӣ, содирот мева ва сабзиҷотро осон кунанд.

Ба гузориши “Спутник”, қаблан маҳдудиятҳое аз сӯйи идороти гумруки фурудгоҳҳои Русия барои воридоти мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки акнун ин монеаҳо бардошта шудааст.

Тоҷикистон аслитарин содиркунандаи мева ва сабзиҷот ба Русия аст. Бинобар ин дар фурудгоҳҳои се шаҳри бузурги Маскав, Санкт-Петербург ва Новосибирск вуруди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо муҷаввизи идороти гумрук осон хоҳад шуд.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар поёни нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав, дар ахирҳои апрели соли ҷорӣ, аз афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии ин кишвар ба Русия хабар дода буд.

Вай гуфта буд, муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 4,3 дарсад ва маҳсулоти кишоварзии кишвараш ба Русия шаш дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Расулзода, ширкатҳои саноатии Русия мутааҳҳид шудаанд, мошинолоти мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистонро таъмин кунанд.

Тоҷикистон низ барои сохти анборҳои мева ва сабзиҷот дар шаҳри Душанбе ва содироти ин маҳсулот ба Русия барномарезӣ кардааст.

Душанбе ва Маскав эълом кардаанд, имсол барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, хушмева ва обмеваҳои мухталиф аз Тоҷикистон ба Русия, шароити ҳамлу нақлро фароҳам хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир Русия муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.