Май 27, 2018 09:25 Asia/Dushanbe
  • Табрики Эмомали Раҳмон ба муносибати 9 миллионӣ шудани ҷамъияти Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, 9 миллионӣ шудани ҷамъияти кишварашро ба миллат ва волидайни кӯдаки навзод табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Эмомалӣ Раҳмон аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хостааст, ба Назира Муллоҷонова, модари навзоди духтаре, ки ҷамъияти ин кишварро ба 9 миллион нафар расонд, як манзил маскунӣ ҳадия диҳад.

Шаҳрдори Душанбе низ фармони ихтисос як хонаи сеҳуҷраӣ  бо тамоми лавозими зиндагиро ба хонаводаи навзод имзо кардааст.

Ин навзоди духтар, фарзанди дуввуми хонаводаи хонум Назира Муллоҷонова, корманди Оҷонси давлатии кор ва умури иҷтимоии Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон ба лиҳози рушди ҷамъият дар миёни кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд, мақоми нахустро дорост.

Мизони афзоиши солиёнаи ҷамъияти Тоҷикистон, 200 ҳазор нафар ё 2.2дарсад унвон мешавад.

Ҳамчунин наздик ба се миллион нафар аз ҷамъияти ин кишварро афроди як то 14 сол ташкил медиҳанд, ки дар ин маврид низ Тоҷикистон як кишвари дорои неруи ҷавон ба ҳисоб меояд.