Май 29, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани шаҳрванди Тоҷикистон зимни вуруд ба Русия бо шиносномаи ҷадид

Додгоҳи ноҳияи Красноярски вилояти Астрахани Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои вуруд ба ин кишвар бо шиносномаи қалбакӣ ба шаш моҳи зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши “Спутник”, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш ифшо нашудааст, қаблан барои нақзи муқаррароти қавонини Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ ва аз ҳаққи вуруди дубора низ маҳрум шуда буд. Бар асоси ин гузориш, ӯ дар Тоҷикистон бо тағйири ному насаби хеш ва дарёфти шиносномаи ҷадид талош кард, ки дубора вориди қаламрави Русия шавад, аммо марзбонони рус ӯро шиносоӣ ва боздошт карданд.

Чанде қабл низ марзбонони рус дар гузаргоҳи марзии вилояти Алтайи минтақаи Сибир як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, ки ҳаққи вуруди дубора ба қаламрави он кишварро надошт.

Ниҳодҳои додгоҳии Русия дар соли 2017 ҳукми ихроҷи 180 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикро ба иттиҳоми нақзи қавонини кору иқомати ин кишвар содир карданд. Аммо ба далели набудани ҷойи кори муносиб дар Тоҷикистон иддаи зиёде аз афроди ихроҷшуда аз Русия талош мекунанд, ки бо тағйири ному насаб ва дарёфти шиноснома дубора вориди қаламрави ин кишвар шаванд.