Зарурати аз байн бурдани воситаҳо дар интиқоли меваҳои Тоҷикистон ба Русия
Муовини ширкати “Х5 Retail Group”-и Русия аз байн бурдани воситаҳо ва кӯтоҳ кардани масир барои интиқоли бамавқеи меваҳои Тоҷикистон ба Русияро муҳим хонд.
Ба гузориши “Спутник”, Манучеҳр Кутаталадзе дар шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои минтақаии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, шароити мусоиди обуҳавои Тоҷикистон, ин кишварро дар тавлиди мева мунҳасир ба фард карда ва Русия низ ба ин маҳсулот ниёз дорад.
Аммо Маскава муътақид аст, интиқоли меваҳои Тоҷикистон ба Русия бояд бо ҳазфи воситаҳо ва аз масирҳои кӯтоҳ анҷом шавад, ки ба нафъи ҳар ду кишвар аст.
Дар Тоҷикистон масоҳати боғҳои мева ба беш аз 76 ҳазор гектар мерасад ва Русия бозори хубе барои ин маҳсулот аст.
Тамоми вилоятҳои Русия барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи таъмини мошинолоти кишоварзии мавриди ниёзи ин кишвар ва воридоти мева ва сабзиҷот аз Тоҷикистон, ибрози омодагӣ кардаанд.
Аммо барои интиқоли мустақим ва бамавқеи мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон ба Русия ва ҷилавгирӣ аз ҳадар рафтани меваҳо, зарурат дорад ширкатҳои восита аз Қазоқистон ва Қирғизистон ҳазф шаванд ва ин кор ниёз ба барномарезӣ дорад.
Ҳамчунин Тоҷикистон бояд барои эҷоди боғҳои ҷадиди мева ва сохти анборҳои бузург иқдом кунад ва бо имзои тавофуқнома бо ширкатҳои русӣ, заминаи интиқоли саривақти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русияро фароҳам созад.