Май 30, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии мусбати Путин аз рушди равобити Русия ва Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Русия раванди рӯ ба густариши равобити ин кишвар бо Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард.

Ба гузориши сомонаи интернетии Кремл, Владимир Путин ин матлабро дар паёме ба ҳамоиши Ҳамкориҳои минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон эълом кард.

Ҳамоиши Ҳамкориҳои манотиқи Русия ва Тоҷикистон, ки шашумин нишасти худро рӯзи гузашта (сешанбе 29-уми май) дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон оғоз кард, имрӯз (чаҳоршанбе) поён меёбад.

Путин дар ин паём зимни таъкид бар аҳамияти дастовардҳои ин ҳамоиш, изҳор дошт, равобити Тоҷикистон ва Русия аз рушди муназзам ва стратегӣ бархурдор аст.

Ҳарчанд Тоҷикистон Русияро шарики стратегии худ медонад, бо ин вуҷуд тайи солҳои ахир Чин ҷойи Русияро дар иқтисоди Тоҷикистон гирифтааст.