Май 30, 2018 14:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе санги асоси сохтмони нави Донишкадаи исломии Тоҷикистонро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бино ниҳод.

Ба гузориши дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин сохтмони ҷадид дар замине ба масоҳати се гектар сохта мешавад ва зарфияти пазириши 1500 донишҷӯро дорад.

Ҳамчунин маблағи сохти он, ки беш аз 136 миллион сомонӣ аст, аз сӯйи давлати Тоҷикистон пардохта мешавад.

Бар асоси гузориши манбаъ, сохтмони ин муассисаи олии таҳсилотӣ муташаккил аз панҷ қисмат (блок) аст, ки се қисмат аз он ба синфҳои дарсӣ ихтисос дорад ва ду қисмати дигарро хобгоҳҳо, толори варзиши модерн, ошпазхона, китобхона ва салони иҷтимоот ташкил медиҳад.

Сохтмони нави Донишкадаи исломӣ бар асоси охирин меъёрҳо ва методҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ сохта хоҳад шуд.

Сохтмони феълии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам -Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар наздикии Масҷиди марказии Душанбе - маъруф ба Ҳоҷӣ Яъқуб қарор дорад.