Июн 12, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳамкории Эмомалӣ Раҳмон аз кишоварзони чинӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кишоварзони чинӣ барои густариши ҳамкориҳо ва интиқоли таҷрибаҳои худ ба Тоҷикистон дархости ҳамкорӣ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба кишвари Чин рӯз гузашта аз шаҳри Ҷенҷоу дар вилояти Ҳэнани Чин боздид кард. Дар ҷараёни ин боздид раисҷумҳури Тоҷикистон дар Пажуҳишгоҳи илми мудерни кишоварзии Чин ҳузур ёфт ва бо донишмандону мутахассисони бахши кишоварзии ин кишвар ба табодули назар пардохт. Дар ин боздид Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши ғалла, пахта ва ангур бо равишҳои навин ошно шуд.

Пахта яке аз тавлидоти асосӣ ва миллии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин аз рӯзи 9-уми июн оғоз шудааст.