Июн 12, 2018 12:29 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо таслиҳоти ҷадид

Бахши муборизаи радиоэлектроникаи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бо системаи мухобиротии ҷангии "Борисоглебск-2" муҷаҳҳаз шудааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати дифои Русия, системаи "Борисоглебск-2" барои саркӯби системаҳои иртиботии моҳвораи телефони ҳамроҳ ва системаҳои киштибарӣ, ташхиси шабакаҳои маҳаллӣ, радио ва линкҳои радиоӣ дар назар гирифта шудааст.

Дар чанд моҳи гузашта ин дувумин маврид аз таҷҳизи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо таслиҳот ва абзорҳои мудерн аст. Пеш аз ин теъдоде чархболҳои пешрафта ва ҳавопаймои бидуни сарнишин дар ихтиёри ин пойгоҳ қарор гирифта буд.

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷ аз қаламрави ин кишвар аст. Маскав ва Душанбе дар соли 2014 пеш аз поёни тавофуқномаи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон тавофуқномаи дигаре имзо карданд, ки ба мӯҷиби он ҳузури нерӯҳои Лашкари 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон ба муддати 30 сол тамдид шуд ва нерӯҳои низомии рус иҷоза ёфтанд, то соли 2042 аз ин пойгоҳ дар хоки Тоҷикистон истифода кунанд.