Июн 14, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти 17 сол зиндон барои шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳе дар вилояти Челябински Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба дохили ин кишвар ва талош барои фурӯши 1 кило героин ба 17 сол зиндон маҳкум кард.  

Ба нақл аз Спутник, дар ҳукми додгоҳ таъкид шудааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2015 ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомат дар Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ ва ба муддати 10 сол аз ҳаққи вуруди дубора ба ин кишвар маҳрум шуда буд.  

Аммо вай дар Тоҷикистон бо тағйири ном ва номи хонаводагӣ ва гирифтани гузарномаи ҷадид дар соли 2016 вориди Русия шуда ва дар вилояти Челябинск ба фурӯши 1 кило героин иқдом кардааст.

Аз ин рӯ, додгоҳ ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷаъли аснод, вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия ва талош барои фурӯши 1 кило героин ба 17 сол зиндон бо низоми шадид маҳкум кард.