Оғози муҳокимаи додгоҳии қотили коргарони муҳоҷири тоҷику узбак дар Русия
Додгоҳи вилояти Забайкалия, дар Ховари Дури Русия муҳокимаи яке аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми ҳашт мавриди қатли коргарони муҳоҷири тоҷику узбак ва ҳафт мавриди талош барои қатли муҳоҷирон оғоз кардааст.
Хонум Виктория Михайлюк, сухангӯи додгоҳи ин минтақа, парвандаи Евгений Красноярови 45-соларо яке аз пурсарусдотарин парвандаҳо эълом кард ва афзуд, ин фард ба зиндони абад маҳкум хоҳад шуд. Ба гузориши сомонаии додситонии вилояти Забайкалия, ин фард ба ҳашт мавриди қатли коргарони муҳоҷири тоҷику узбак ва ҳафт мавриди талош барои қатли шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бар пояи танаффури нажодӣ муттаҳам аст, ки ин иттиҳомотро тайи солҳои 2006 - 2016 муртакиб шудааст. Аз ҷумлаи ҷиноятҳои ин фард метавон ба қатли ду коргари муҳоҷири узбакистонӣ ва ду ҳамроҳи онон, ки шаҳрвандони Русия будаанд, дар соли 2013 ишора кард. Ӯ ҳамчунин як духтари русро, ки ҳамроҳи коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ кор мекард, ба зарби гулӯла ба қатл расондааст.
Умдаи Қурбониёни ин фард, коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак будаанд, ки дар бозори шаҳри Чита, маркази ин вилоят мева ва сабзиҷот мефурӯхтаанд. Пулиси Русия дар соли 2016 муваффақ шуд Евгений Краснояровро боздошт кунад.