Далелҳои ихтисоси воми молӣ бо юани Чин дар Тоҷикистон
Мудири маркази пажӯҳишии донишкадаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Маскав муътақид аст, ихтисоси воми молӣ ба юани Чин дар Тоҷикистон бештар ба нафъи тавлидкунандагони чинӣ хоҳад буд.
Ба гузориши “Спутник”, Олег Буклемишев бо ишора ба иқдоми “Амонатбонк” –и Тоҷикистон дар заминаи ихтисоси вом ба шаҳрвандони ин кишвар ба юани Чин гуфтааст, ин барнома бештар ба нафъи Чин ва ширкатҳои тавлидкунандаи маҳсулоти саноатии ин кишвар хоҳад буд.
Албатта барои бозаргонони тоҷик, ки воридкунандаи маҳсулот аз Чин ҳастанд, дар шароите, ки дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон таҳияи доллар ва евро бисёр сахт шудааст, доштани юани чинӣ низ муҳим аст.
Зеро ин афрод ба роҳатӣ маҳсулоти мавриди ниёзи худро аз Чин бо юане, ки аз “Амонатбонк”- и Тоҷикистон ба унвони вом дарёфт кардаанд, харидорӣ ва сипас онро вориди кишвар мекунанд.
Аммо шарти бозпардохти ин вом ба сомонӣ - воҳиди пули миллии Тоҷикистон аст, ки ба назар мерасад иқдоме дар ҷиҳати тақвияти тавони он дар баробари арзҳои хориҷӣ аст.
Ба ин далел, ки арзиши сомонӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон коҳиш меёбад ва акнун ҳар доллар ва евро ба тартиб беш аз 9 ва 10 сомонӣ шудааст.
Ҳамчунин ҳукумати Чин тайи солҳои ахир барои таблиғи юан ва ташвиқи кишварҳо ба истифода аз воҳиди пули миллии ин кишвар, имтиёзоте низ эъто мекунад, ки дар чорчӯби барномаи табдил шудани он ба арзи муҳими байналмилалӣ дар оянда қобили арзёбӣ аст.
“Амонатбонк”-и Тоҷикистон ахиран эълом кард, ба мутақозиён вомҳои молиро ба юани Чин эъто хоҳад кард, ки дар марҳалаи нахусти вогузорӣ 60 миллион юан барномарезӣ шудааст ва муддати бозпардохти он ба сомонӣ аз се то панҷ сол хоҳад буд.