Июн 21, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди тарҳи афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия

Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия тарҳи афви ин афродро ироа кардааст, ки дар сурати тасвиб метавонад шомили 18 то 40 дарсад аз онон шавад, ки дар ин кишвар ҳузури ғайриқонунӣ доранд.  

Ба нақл аз migrant.news.tj, раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия бо ироаи ин тарҳ гуфтааст, атбои хориҷии ғайриқонунӣ метавонанд таи шаш моҳ бо муроҷиаи довталабона ба марокизи хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати кишвари Русия, пас аз ангуштнигорӣ, мавриди афв қарор гиранд.  

Вадим Коженов теъдоди коргарони муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русияро беш аз севу ним миллион нафар унвон кард ва гуфт, ин афрод аз тарс наметавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд, бинобарин беҳтар аст, барои онон афв эълом шавад, то заминаи ҳузури қонунии онҳо дар ин кишвар фароҳам шавад.